Имрӯз бахшида ба Рӯзи илм дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардида, дар он олимони академия дар пояи нимпайкараҳои олимони барҷастаи тоҷик гулчанбар гузошта, аз хизматҳои арзишманди онҳо ёдовар шуданд.
Инчунин, дар рафти ҷаласи тантанавӣ дар бораи фаъолияти илмии ҷавонон ва дастгирии онҳо суханронӣ намуда, қайд гардид, ки дастовардҳои онҳоро омили муҳими рушди илми тоҷик мебошад. Дар доираи маҷлиси тантанавӣ ба як қатор олимони ҷавон ҷоизаҳо ва ифтихорномаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон супорида шуд. Дар ҳошияи он ба Комрон Бобоев, мудири шуъбаи амнияти химиявии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори фалсафа (PhD), барои корҳои илмӣ - тадқиқоти дар мавзӯи «Асосҳои технологии коркарди маъданҳои урандори кони «Тоҷикистони шимолӣ-2» ва партовҳои маҳфузгоҳи “Адрасман” бо "Ҷоизаи Академия барои олимони ҷавон дар соли 2024" ва Субҳоналӣ Саторзода бо "Ифтихорномаи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон" супорида шуд. Аз фурсати муносиб истифода бурда, аҳли кормандони Агентӣ, Комрон Бобоев ва Субҳоналӣ Саторзода самимона табрик намуда, барояшон муваффақиятҳо ва бурдориҳоро таманно доранд.